Июл 04, 2018 08:56 Asia/Dushanbe
  • Ҷаримаи як рӯҳонии тоҷик барои тадриси бидуни иҷозатномаи улуми исломӣ

Додгоҳи шаҳри Норак дар вилояти Хатлони Тоҷикистон як рӯҳонии 40 соларо ба иттиҳоми таълиму тадриси бидуни иҷозатномаи расмии илмҳои исломӣ ба пардохти 350 сомонӣ ҷаримаи молӣ маҳкум кард.

Ба гузориши “ТОП Тҷ”, мақомоти додгоҳи шаҳри Норак эълом кардаанд, Абдулкарим Саидов аз як соли қабл бидуни доштани иҷозатномаи расмии улуми исломӣ аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, ба ҳашт кӯдак дар манзили худ Қуръон ва улуми исломӣ дарс медодааст.

Ин иқдоми вай мухолиф бо Қонуни озодии эътиқод ва фаъолияти созмонҳои динӣ дар ин кишвар аст.

Ҳамчунин волидайни ин кӯдакон ба далели нақзи қонуни масъулияти волидайн дар тарбияти фарзандон ба додгоҳ муаррифӣ шудаанд.

Абдулкарим Саидов  - донишомӯхтаи Донишкадаи исломии Тоҷикистон гуфтааст, намедониста, ки омӯзиши Қуръон ва улуми исломӣ дар хона барои кӯдакон мамнуъ аст.

Бар асоси Қонуни озодии эътиқод ва фаъолияти созмонҳои динӣ, ки дар соли 2009 дар Тоҷикистон қабул шудаааст, намояндагони масҷидҳо метавонанд танҳо бо дарёфти иҷозатномаи расмӣ аз Вазорати маориф ва илм ва фароҳам кардани шароити тадриси Қуръон ва улуми исломӣ ба ин кор машғул шаванд.

Мақомоти Тоҷикистон муддаӣ ҳастанд, ин сахтгирӣ бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз рушди тафаккури ифротигарӣ дар ҷомеа эъмол мешавад, аммо ба эътиқоди коршиносон ин иқдом нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои эътиқодии шаҳрвандон ва муғойир бо Қонуни Асосии ин кишвар аст.