Июл 04, 2018 10:07 Asia/Dushanbe
  • Имомхатиби Хуҷанд хостори омӯзиши Ислом дар мадрасаҳои Тоҷикистон шуд

Имомхатиби масҷиди Хуҷанд хостори тадриси Ислом дар мадрасаҳои давлатии Тоҷикистон ва ошноии донишомӯзон бо усули ин дин ва ҷилавгирӣ аз нуфузи афкори гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ шуд.

Ба гузориши “Спутник”, Ибодуллоҳ Калонзода дар мизи гирди “Муқобила бо терроризм ва ифротгароӣ; омили муҳими истиқрори ҷомеаи демократӣ” дар шаҳри Хуҷанд гуфтааст, бояд барои ҷилавгирӣ аз нуфузи афкори террористӣ дар мадрасаҳои давлатии Тоҷикистон риштаи Ислом тадрис шавад.

Дар ҳоли ҳозир дар мадрасаҳои давлатии Тоҷикистон Ислом тадрис намешавад ва ҳатто як мадрасаи исломӣ низ дар ин кишвар вуҷуд надорад ва барои омӯзиши инфиродии Қуръон ва улуми исломӣ бояд мударрисон иҷозатномаи Вазорати маориф ва улумро дарёфт кунанд, ки кори осоне нест.

Дар ин мизи гирд мудири Идораи сабти номи аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои иҷтимоии вобаста ба Вазорати адлияи Тоҷикистон низ аз пешниҳоди тадриси Ислом дар мадрасаҳои давлатии ин кишвар ҳимоят кардааст.

Хонум Раъно Каримзода гуфтааст, яке аз авомили аслии гароиши ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ, ошноӣ надоштани ин афрод бо Ислом ва қарор гирифтан дар маърази таблиғоти заҳролудкунандаи ин созмонҳо аст.

Ҳамчунин Ғолиб Қодиров, муовини Идораи мубориза бо терроризм ва ифротгароии полиси вилояти Суғд гуфтааст, дар ҳоли ҳозир 80 зан ва 80 кӯдаки ноболиғ аз шимоли Тоҷикистон дар Сурия ҳузур доранд, ки ба ҳамроҳи хонаводаҳои худ ба ин кишвар рафтаанд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидори фаъолони вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд гуфт, тайи панҷ моҳи соли ҷорӣ ҳудуди ҳашт ҳазору 700 мавриди ҷурму ҷиноят кашф шуда, ки 500 мавриди он иборат аз терроризм ва ифротгароӣ будааст.

Вай аз мақомоти амниятӣ ва интизомӣ хост, мубориза бо ҷурму ҷиноят, ба вижа муқобила бо терроризм ва ифротгароиро ҷиддӣ бигиранд.

Раҳмон дар айни ҳол аз мақомоти сохторҳои қудратӣ ҳам хост, аз муҷозоти афроде, ки довталабона аз манотиқи ҷангии хориҷ аз Тоҷикистон ба ватан баргаштаанд, худдорӣ кунанд.

Бар асоси оморҳои манобеи расмии Тоҷикистон, беш аз ҳазору 100 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар дар қолаби гурӯҳҳои террористие монанди ДИИШ дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ҳузур доштанд, ки беш аз 300 нафар аз онҳо кушта шудаанд.