Эҳтимоли афзоиши қимати бензини содиротии Русия ба Тоҷикистон
Ба далели тасвиби қонуни ҷадиди афзоиши боҷи гумрукии содироти бензин ба хориҷ аз Русия, эҳтимоли боло рафтани қимати ин навъи сӯхт дар Тоҷикистон низ вуҷуд дорад.
Ба гузориши “Спутник”, ба дунболи тасвиби қонуни ҷадиди афзоиши боҷи гумрукии содироти бензин дар Думаи давлатии Русия, эҳтимоли боло рафтани қимати ин навъи сӯхт дар Тоҷикистон низ қувват гирифт.
Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир беш аз 91 дарсад аз бензини мавриди ниёзи худро аз Русия ворид мекунад, аммо бар асоси қонуни ҷадиди содироти бензин аз Русия ба хориҷ, ширкатҳои ин кишвар метавонанд боҷи гумрукиро то 90 дарсад аз боҷи нафти содиротӣ афзоиш диҳанд, ки ин иқдом рӯйи қимати ин навъи сӯхт низ таъсиргузор хоҳад буд. Аз сӯйи дигар, Русия ҳамасола ба Тоҷикистон ба мизони 1 миллион тон сӯхти бидуни боҷу авориз содир мекунад, ки барои таъмини ниёзи ин кишвар кофӣ нест.
Бензин як севум аз мизони анвои сӯхти воридотии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, ки тайи рӯзҳои ахир қимати бензин, равғани дизелӣ (солярка) ва гази моеъ дар марказҳои арзаи сӯхт дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.
Акнун як литр гази моеъ дар ин марказҳо ба қимати чаҳор сомониву 50 дирам то 5 сомонӣ арза мешавад, ки қаблан се сомониву 50 дирам буд. Ҳамчунин як литр бензин, ки қаблан камтар аз ҳафт сомонӣ фурӯхта мешуд, акнун ба қимати ҳафт сомониву 70 дирам то 8 сомонӣ арза мешавад.
Қимати як литр равғани дизелӣ (солярка) низ бо афзоиши 70 дирам ба ҳафт сомониву 80 дирам то 8 сомонӣ расидааст.