Занозанӣ байни донишҷӯёни тоҷик ва афғон бар сари 800 рубл дар Русия
(last modified Sat, 07 Jul 2018 09:02:20 GMT )
Июл 07, 2018 14:02 Asia/Dushanbe
  • Занозанӣ байни донишҷӯёни тоҷик ва афғон бар сари 800 рубл дар Русия

Даргирӣ ва занозании гуруҳӣ миёни донишҷӯёни тоҷик ва афғон дар хобгоҳи Донишгоҳи Федералии Урал-и шаҳри Экатеринбурки Русия, ду рӯз ба тул анҷомид ва дар ниҳоят бо дахолати маъмурони амниятии донишгоҳ хотима ёфт.

Ба нақл аз Спутник,  ин даргирӣ бар сари маблағи 800 рубли русӣ байни ду гуруҳи донишҷӯёни тоҷик ва афғон рух дод.

Ин воқеъа дар вебгоҳи Ura.ru, ки ахбори минтақаи Урали Русияро пушиш медиҳад низ зикр шудааст.

Ба гузориши ин вебгоҳ, ин даргирӣ замоне рух дод, ки як донишҷӯи тоҷик қарзи 800 рублии худ ба як донишҷӯи афғонро пас надод ва донишҷӯёни афғони донишгоҳ дар иваз кафшҳои яке аз донишҷӯёни тоҷикро бардошта ва гуфтанд пас аз баргардондани қарз кафшҳоро пас хоҳанд дод.

Ин масъала боиси даргирии ду рӯза байни донишҷӯёни афғон ва тоҷик шуд ва дар ниҳоят бо дахолати маъмурони амниятии донишгоҳ ба поён расид.

Ҳамчунин Вайсиддин Сироҷов яке аз дустони донишҷӯи қарзгиранда, ки аз дусташ дар ин даргирӣ ҳимоят карда буд аз донишгоҳ ихроҷ шуд.

Гуфта шуда масъулони донишгоҳ дар бораи донишҷӯёни афғон ба зудӣ тасмим хоҳанд гирифт.