Танзими қимати маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон ғайримумкин аст
Мудири идораи иқтисод дар пажӯҳишгоҳи масоили кишварҳои узви ИДМ мӯътақид аст, иқдоми давлати Тоҷикистон барои танзими қимати маводи ғизоӣ дар бозорҳои ин кишвар амалан ғайримумкин аст.
Ба гузориши Спутник, Аза Миграниян бо ишора ба судури фармони давлати Тоҷикистон бинобар танзими қимати 16 навъи маводи ғизоӣ дар ин кишвар, ки таҳти назорати хадамоти зиддиинҳисорӣ қарор хоҳанд гирифт, гуфтааст, дар шароити иқтисоди озод ин амр имконпазир нахоҳад буд.
Зеро Тоҷикистон бештари маводи ғизоии мавриди ниёзи мардуми худро аз хориҷи кишвар ворид мекунад ва аз тавони таъмини амнияти ғизоӣ ва худкифоӣ дар тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ бархурдор нест.
Вай таъкид кардааст, дар шароити воридотӣ будани бахши умдаи гандум, орд ва равған дар Тоҷикистон, ки қимати ин маҳсулотро ширкатҳои содиркунанда таъйин мекунанд, танзими қиматҳо қобили тасаввур нест.
Ба гуфтаи вай, дар ҳоле ки ҳукумати Тоҷикистон тавони танзими қимати сӯхтро дар дохили ин кишвар надорад ва тайи ду ҳафтаи ахир қимати бензин, солярка ва гази моеъ ба шиддат афзоиш ёфтааст, чӣ гуна метавон қимати маводи ғизоиро танзим кард.
Бар асоси фармони ҳукумати Тоҷикистон, қимати орд, гандум ва нон, биринҷ, картошка ва пиёз, қанд ва шикар, равған, шир ва маҳсулоти ширӣ, гӯшти гов, гӯсфанд ва мурғ, сабзиҷот, наску нахуд тухми мурғ, намак, чой ва ғизои кӯдак шомили феҳристи танзим хоҳад шуд, ки коршиносон ба ин иқдом бо дидаи шакку тардид нигоҳ мекунанд.