Марги дилхароши як муҳоҷири тоҷик дар Русия
Як муҳоҷири тоҷик рӯзи шанбе бар асари садамаи нақлиётӣ дар Русия ҷон бохт.
Ин хабарро Сулаймон Султонов рӯзноманигори нашрияи "Садои мардум", чопи Душанбе дар сафҳаи шахсиаш дар шабакаи Фейсбук бо истинод ба расонаҳои Русия мунташир кардааст.
Бар асоси гузориши ин рӯзноманигор, Умедҷони 21-сола ба ҳамроҳи се нафар аз наздиконаш дар шаҳри Толятии Русия дар масири рафтан ба ҷойи кор тасодуф кард ва ба ҳалокат расид.
Гуфта мешавад, вазъияти яке аз се фарде, ки дар ин садамаи нақлиётӣ маҷруҳ шуданд, вазнин гузориш шудааст ва вай акнун дар ҳолати беҳушӣ қарор дорад.
Қарор буд ҷасади Умедҷон рӯзи шанбе ба Тоҷикистон мунтақил шавад, аммо ба сабаби вуҷуд ҷасади панҷ муҳоҷири фавтшудаи дигари тоҷик дар ҳавопаймои Самара ба Душнбе, ин кор ба таъхир афтодааст.
Сулаймон Султонов дар идома навиштааст: Умедҷон чаҳор моҳ қабл издивоҷ карда ва як моҳ пас аз он ба Русия рафта буд ва акнун ҳамсари ҷавон ва модари пираш бо марги дилхароши ӯ ба мотам нишастаанд.
Падари Умедҷон ду сол қабл фавт карда буд.
Ҳамасола беш аз як миллион нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои анҷоми кори мавсимӣ ё доимӣ ба Русия мераванд, ки ҳудуди 500 то 600 нафар аз онҳо бар асари авомили мухталифи табиӣ ва асосан ғайритабиӣ, монанди садамаҳои нақлиётӣ ва хушунатҳои нажодпарастона аз дунё мераванд.