Июл 10, 2018 10:03 Asia/Dushanbe
  • Варзишкорони тоҷик дар мусобиқоти интихобии Таиланд ширкат намекунанд

Мушкилоти молӣ монеи ҳузури варзишкорони ҷавони тоҷик дар мусобиқоти интихобии Таиланд бо ҳадафи роҳёбӣ ба сеюмин бозиҳои олимпии ҷавонон дар Аргентина шуд.

Ба гузориши “Спутник”, сеюмин бозиҳои олимпии ҷавонони мутаваллиди солҳои 2000-2001 дар моҳи октябри имсол дар Буэнос-Айрес, пойтахти Аргентина баргузор мешавад. Акнун марҳалаи интихобии варзишкорони қораи Осиё дар Бангкоки Таиланд оғоз шудааст. Аммо Федератсияи варзишҳои сабуки Тоҷикистон эълом кардааст, ба далели мушкилоти молӣ наметавонад варзишкорони ҷавони ин кишварро ба марҳалаи интихобии варзишкорони қораи Осиё дар Бангкоки Таиланд эъзом намояд.

Бар асоси саҳмияи Федератсияи варзишҳои сабуки Осиё, дар сеюмин бозиҳои олимпии ҷавонон дар Буэнос-Айрес 89 намояндаи ин қора ширкат мекунад. Дар ин мусобиқот 680 варзишкор аз саросари ҷаҳон дар 38 риштаи варзиш ба рақобат хоҳанд пардохт. Ин дар ҳоле аст, ки каратекорони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки дар моҳи майи соли ҷорӣ дар Ҷопон баргузор шуд, ба далели мушкилоти молӣ ба ҷойи 5 нафар танҳо як варзишкор эъзом карданд, ки ӯ ҳам муваффақ ба касби мақом нашуд.