Июл 11, 2018 07:57 Asia/Dushanbe
  • Имзои созишномаи фурӯши оби кӯли “Сарез”

Бо имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни мудирияти “Ориёнбонк”-и Тоҷикистон ва ширкати чинии “Heaven springs dynasty harvest group” заминаи содироти оби кӯли “Сарез” фароҳам мешавад.

Ба гузориши хабаргузории Тоҷик ТА, ду тараф ӯҳдадор шудаанд, бо сохти корхонае, содироти оби кӯли “Сарез” ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои дуртарро оғоз кунанд.

Тоҷикистон солҳои зиёде ба дунболи пайдо кардани сармоягузор барои фароҳамсозии заминаи фурӯши оби кӯли “Сарез” буд, ки акнун бо мусоидати ин ширкати чинӣ ин тарҳ имконпазир мешавад.

Дар чорчӯби ҳамоиши байналмилалии баррасии авзои кӯли “Сарез” дар шаҳри Душанбе, дар соли 2011 таъкид шуда буд, ки Тоҷикистон метавонад ҳамасола аз ҳисоби фурӯши оби кӯли “Сарез” беш аз 100 миллион доллар даромад ба даст оварад.

Тӯли кӯли “Сарез” 70 километр, умқи он 505 метр ва захоири оби пушти садди табиии он 70 километри мукааб аст, ки пас аз зилзилаи 7, 2 риштерии декабри соли 2015 дар вилояти Бадахшон, бархе аз расонаҳои минтақа эҳтимоли хароб шудани садди ин кӯл ва ҷорӣ шудани оби онро матраҳ карда буданд.

Кӯли “Сарез” бар асари зилзилаи шадиди соли 1911 ва суқути қитъаи бузурге аз кӯҳ сари роҳи рӯди “Мурғоб”, дар умқи кӯҳистонҳои вилояти Бадахшони Тоҷикистон ва дар баландии се ҳазору 263 метрӣ аз сатҳи дарё падид омадааст.

Бархе донишмандони муҳити зист муътақиданд, дар сурати бурузи ҳар навъ ҳодиса ва хароб шудани эҳтимолиb садди кӯли “Сарез”, бар асари зилзилаи шадид ва ҷорӣ шудани оби пушти он, зиндагии шаш миллион нафар аз сокинони Афғонистон, Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Туркманистон бо таҳдиди ҷиддӣ рӯбарӯ мешавад.