Июл 11, 2018 08:38 Asia/Dushanbe
  • Пойбандӣ ба Ислом дар хонаводаи варзишкор Кузяев

Падари Далер Кузяев, бозикуни тими миллии футболи Русия, ки решаи тоҷикистонӣ дорад, гуфтааст, ки дар хонаводааш ҳама ба шариати Ислом пойбанд ҳастанд.

Ба гузориши сомонаи “Sport ekspress”, Адҳам Кузяев, ки худ бозикуни собиқи тими “Вахш”-и Тоҷикистон ва мураббии тими футболи “Нарва-Транс” дар кишвари Эстония аст, гуфта, писараш барои вуруд ба тими миллии футболи Русия заҳмати зиёде кашида ва дар мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонии 2018 низ корномаи муваффақе аз худ нишон додааст.

Ба гуфтаи вай, Далер то 19 солагӣ қомати кӯтоҳе дошта, ба тавре ки ҳатто Академияи футболи тими “Зенит”-и Русия низ дар пазириши ӯ тардид доштааст.

Аммо ба хотири вижагии хонаводагии онҳо, ки аъзо пас аз 19 солагӣ қадашон баландтар мешавад, ӯ ӯ ҳам рушдаш аз ин син оғоз шуд.

Акнун Далер бозикуни тими футболи “Зенит”-и Санкт-Петербург ва тими миллии футболи Русия аст, ки ҳамзамон бо варзиш, дар давраи коршиносии аршади риштаи иқтисод ва молияи Донишгоҳи давлатии ин шаҳр машғул ба таҳсил аст.

Далер Кузяев дар посух ба даъвати масъулони Федератсияи футболи Тоҷикистон барои пайвастан ба тими миллии футболи ин кишвар гуфтааст, ба решаи тоҷикистонии худ ифтихор мекунад, вале муътақид аст, бояд дар тими миллии футболи Русия бозӣ кунад.

Кабир, бобояш ва Адҳам, падари Далер Кузяев, аз бозикунони тимҳои футболи Тоҷикистон дар даврони Шӯравӣ ҳастанд, ки бо оғози ҷанги дохилии Тоҷикистон дар соли 1992 ба Русия муҳоҷират карданд.