Роҳкорҳои танзими қимати маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон мушаххас нест
Пас аз эъломи фармони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои танзими қимати 16 навъ маводи ғизоӣ дар ин кишвар, ки таҳти назорати Хадамоти зиддиинҳисорӣ қарор хоҳанд гирифт, бештари иқтисодшиносон муътақиданд, ки заминаи амалӣ шудани ин тасмим вуҷуд надорад.
Ба гузориши “Спутник”, аз дидгоҳи бештари коршиносон, далели аслии афзоиши қимати маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон гарон шудани нархи сӯхт аст, ки ҳазинаи ҳамлу нақлро боло мебарад ва боиси тағйири қиматҳо мешавад.
Чунончӣ қабл аз гарон шудани 50 то 70 дарсади қимати бензин, равғани дизелӣ (солярка) ва гази мойеъ дар Тоҷикистон, ҳазинаи интиқоли як киса орди 50 килоӣ бо мошини боркаш аз шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе се сомонӣ буд ва акнун бояд барои ин кор ҳафт то ҳашт сомонӣ пардохт шавад.
Ронандагони мошинҳои боркаш ва бозаргонон ба баҳонаи афзоиши қимати сӯхт акнун дар бозорҳои шаҳри Душанбе як киса орди 50 килоиро ба қимати 148 сомонӣ арза мекунанд, ки қабл аз гарон шудани сӯхт, 145 сомонӣ ба фурӯш мерасид.
Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи мудири идораи иқтисоди Пажӯҳишгоҳи масоили кишварҳои ИДМ, ба иллати воридотӣ будани бештари маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла гандум ва орд, равғанҳои растанӣ, себзаминӣ, қанд ва шакар, чой, ғизои кӯдак ва мураккабот аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон, ҳеҷ роҳе барои танзими қимати ин маҳсулот вуҷуд надорад.
Озо Мигаранян муътақид аст, ҳар навъ талоши ҳукумат барои танзими қимати ин мавод боиси арзаи маҳсулоти бидуни кайфият ва равнақи бозори сиёҳ хоҳад шуд.
Бар асоси фармони Ҳукумати Тоҷикистон, қимати анвои орд, гандум ва нон, макарон, биринҷ, себзаминӣ ва пиёз, қанд ва шакар, равғанҳои растанӣ, шир ва маҳсулоти ширӣ, гӯшти гов, гӯсфанд ва мурғ, сабзиҷот, наску нахуду лубиё, тухми мурғ, намак, чой ва ғизои кӯдак шомили ин феҳрист хоҳад шуд.