Июл 12, 2018 08:18 Asia/Dushanbe
  • Корхонаи абрешими Душанбе ба фурӯш гузошта шуд

Кумитаи мудирияти амволи давлатӣ ва сармоягузории Тоҷикистон аз фурӯши корхонаи абрешими шаҳри Душанбе – “Пиллаи тоҷик” аз тариқи музояда ба бахши хусусӣ хабар дод.

Ба гузориши “Ахбори Осиёи Марказӣ”, қимати оғозини музоядаи фурӯши корхонаи абрешими шаҳри Душанбе барои сармоягузорони дохилию хориҷӣ 4 миллиону 911 ҳазор сомонӣ (муодил 400 ҳазор доллар) таъйин шудааст.

Албатта, давлати Тоҷикистон барои харидорони ин корхона се шарт таъйин кардааст. Нахуст ин ки молики ҷадид бояд тайи соли нахусти фаъолияти корхонаи абрешими Душанбе 16 миллион сомонӣ қарзи онро пардохт кунад. Дувум ин ки молики ҷадид мутааҳҳид мешавад, ки тайи 3 соли нахуст барои хариду насби таҷҳизоти ҷадид ва тавлиди маҳсулот маблағи 36 миллион сомонӣ ҳазина кунад ва шарти сеюм ин ки молик тайи 3 соли нахуст бояд заминаи иштиғоли 500 нафар коргарро дар ин корхона фароҳам созад. Ҳамчунин молики ҷадид ҳаққи тағйири корбарӣ ва фурӯши корхонаро нахоҳад дошт.

Давлати Тоҷикистон солҳои қабл теъдоди зиёде аз корхонаҳои бузурги саноатии ин кишварро ба бахши хусусӣ вогузар кард, ки аксари ин афрод бо фурӯши таҷҳизоти ин марокизи тавлидӣ заминаи муфлис шудани саноати ин кишварро фароҳам карданд ва акнун аксари ин корхонаҳо аз кор афтодаанд.