Июл 14, 2018 08:17 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи нахустин полоишгоҳи нафти Тоҷикистон боз ҳам ба таъхир афтод

Таъмин нашудани эътибори молии чаҳормиллиондолларӣ аз сӯйи “Агроинвестбонк” –и Тоҷикистон, ифтитоҳи нахустин полоишгоҳи нафти ин кишвар дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара, дар вилояти Хатлонро барои чаҳорумин бор бо таъхир рӯбарӯ кард.

Ба гузориши хабаргузории “Тоҷик ТА”, манобеи хабарӣ бо истинод ба мудирияти ин минтақаи озоди иқтисодӣ эълом кардаанд, ба иллати таъмин нашудани эътибороти молии ин тарҳ аз сӯйи бонки ёдшуда, ифтитоҳи марҳилаи нахусти ин полоишгоҳ барои бори чаҳорум ба таъхир меафтад.

Бар асоси барнома, қарор буд ширкати чинии муҷрии сохти нахустин полоишгоҳи нафти Тоҷикистон то 9-уми сентябри соли 2016 ва солгарди истиқлоли ин кишвар марҳилаи нахусти ин полоишгоҳро ба баҳрабардорӣ расонад.

Бо ин ҳол, ин замон баъдҳо ба моҳи март ва сипас июни соли 2017 тамдид карда шуд, аммо тайи шаш моҳи нахусти соли 2018 низ имкони баҳрабардорӣ аз ин полоишгоҳ фароҳам нашуд.

Дар ҳоле, ки ширкати чинии муҷрии сохти нахустин полоишгоҳи нафти Тоҷикистон эътибори молии мавриди ниёзи ин тарҳро ба ҳисоби “Агроинвестбонк”-и Тоҷикистон ворез кардааст ва ин ниҳоди молӣ наметавонад ин маблағро таъмин кунад.

Бо ифтитоҳи марҳилаи нахусти полоишгоҳи нафти Данғара дар вилояти Хатлони Тоҷикистон, заминаи коркарди 500 ҳазор тон нафт дар сол фароҳам хоҳад шуд ва бо такмили он, Тоҷикистон метавонад солона як миллион тон нафти хомро дар ин полоишгоҳ тасфия кунад.

Тарафи чинӣ барои сохти ин полоишгоҳ 450 миллион доллар ихтисос додааст.