Июл 14, 2018 10:45 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти сафири Эрон бо вазири хориҷаи Тоҷикистон

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон бо ҳадафи табодули назар дар бораи бархе мавзӯоти дуҷониба бо Сироҷиддини Муҳриддин, вазири хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе дидор кард.

Дар ин дидор вазири хориҷаи Тоҷикистон аз сафарҳои моҳҳои ахири бархе мақомоти баландпояи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон қадрдонӣ ва аз фаъолияти ширкатҳои эронӣ, ба хусус дар сохти нерӯгоҳи “Роғун”-и Тоҷикистон ибрози ризоият кард.

Ишораи Сироҷиддини Муҳриддин ба сафари Зариф, вазири хориҷаи Эрон барои ширкат дар нишасти вазирони ЭКО, Ардакониён, вазири нерӯ барои ширкат дар конфронси байналмилалии об ва Деҳқонӣ, муовини ҳуқуқӣ ва байналмилалии Вазорати хориҷа барои ширкат дар конфронси байналмилалии муқобила бо терроризм ва ифротгароӣ буд.

Дар ин дидор ҳамчунин тарафайн зимни баррасии ҳамкориҳои дуҷониба, баргузории сенздаҳумин комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар дар моҳҳои боқимондаи соли ҷории мелодиро мавриди таъкид қарор доданд.