Сохти майдони Парчам дар ноҳияи Масчоҳи вилояти Суғд
(last modified Sat, 14 Jul 2018 07:39:37 GMT )
Июл 14, 2018 12:39 Asia/Dushanbe
  • Сохти майдони Парчам дар ноҳияи Масчоҳи вилояти Суғд

Раиси вилояти Суғд дар ҳошияи сафар ба ноҳияи Масчоҳ, макони Парчами Тоҷикистон ва майдони даври онро интихоб ва масъулони вилоятро дар омода кардани лоиҳаи он вазифадор кард.

Ба нақл аз Дафтар матбуотии ҳукумати вилояти Суғд, шуморе аз мутахассисон Раҷаббой Аҳмадзодаро дар интихоби макони парчам, ки сутунпояи он 50 метр  хоҳад буд, ҳамроҳӣ карданд.

Қарор аст майдони Парчами Тоҷикистон дар маркази ноҳия бо кумаки ҳукумати вилояти Суғд сохта шавад.

Пештар низ дар шаҳри Конибодом, як боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ифтитоҳ ва дар он муҷассамаи Исмоили сомонӣ ва Парчами Тоҷикистон  қарор дода шуд, ки сутунпояи он 43 метр буд.