Июл 14, 2018 13:30 Asia/Dushanbe
  • Таркиши маргофарин дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд

Бархурди як мошини ҳомили газ ба як бино дар километри 72-уми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ боиси ба вуҷуд омадани таркиш ва ҳалок шудани ронандаи мошин шуд.

Ба нақл аз Азия-Плюс, ин ҳодиса рӯзи ҷумъа рух дод ва иллати он риоя накардани мавридҳои бехатарӣ эълом шуд.

Ҳарчанд эҳтимоли хоб рафтани ронанда низ ба унвони иллати ба вуҷуд омадани ҳодиса дар дасти баррасӣ аст.

Пас аз ин ҳодиса, шоҳроҳ ба муддати 40 дақиқа баста ва убури нақлиёт дар он мамнуъ шуд.

Далер Мерганов сухангӯи ширкати IRS, ки масъули нигоҳубини шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ  аст бо таъиди ин хабар эълом кардааст, баста шудани мавақатани ин шоҳроҳ ба далели риояти масоили бехатарӣ буд ва пас аз итминон аз эмин шудани минтақа, ин масир бозгушоӣ шуд.

Шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ягона масири иртиботие аст, ки вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистонро ба Душанбе ва дигар минтақаҳои ин кишвар мепайвандад.