Ҷазби се ҷавони тоҷик ба гурӯҳи ДИИШ аз тариқи шабакаи Зелло
(last modified Sun, 15 Jul 2018 03:58:58 GMT )
Июл 15, 2018 08:58 Asia/Dushanbe
  • Ҷазби се ҷавони тоҷик ба гурӯҳи ДИИШ аз тариқи шабакаи Зелло

Мақомоти додгоҳии Тоҷикистон далели ҷазб шудани се ҷавони 17-солаи тоҷик дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ба гурӯҳи террористии ДИИШ-ро фаъолияти шабакаи интернетии Зелло унвон кардаанд.

Ба гузориши хабаргузории давлатии Ховар, додгоҳи вилояти Суғд ахиран Ғуфрон Ҳайдаров, Миркамол Ҷабборов ва Муродбек Ҳайдаров, 3 навҷавони 17-солаи сокинони ноҳия Панҷакент дар шимоли Тоҷикистонро ба иттиҳоми узвият дар гуруҳи террористии ДИИШ ва талош барои инфиҷори бинои ҳукумати маҳаллӣ ба 5 сол ва 6 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард.

Гуфта мешавад, ки ин 3 нафар аз тариқи шабака интернетии Зелло бо фарде аз аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ ошно шуда ва ба узвияти ин созмони такфирӣ даромадаанд.

Мақомоти додгоҳии вилояти Суғд муддаӣ ҳастанд, ки ин се нафар аз узви ДИИШ омодасозии маводи таркандаро аз тариқи интернет омӯзиш дида ва ба дастури вай қасд доштанд бинои ҳукумати маҳаллӣ дар ноҳияи Панҷакентро мунфаҷир кунанд.

Аммо волидайни ин 3 ҷавон мегӯянд, ки фарзандонашон на қасди инфиҷори бинои ҳукумат, балки таркондани хонаи яке аз ҳамсояҳои сарватманди худро барномарезӣ карда буданд, ки боздошт шудаанд.

Зоҳиран далели омода шудани онон барои хариди маводи мавриди ниёз, омӯзиши сохти бомба ва инфиҷори хонаи ҳамсоя, муноқишаи сирфан иҷтимоӣ бо ин фард будааст.

Аммо хабаргузории давлати Ховар ба волидайни ҷавонон дар Тоҷикистон тавсия кардааст, ки ҳамарӯза барои бозбинии телефони ҳамроҳи фарзандонашон 15 дақиқа вақт бигузоранд ва муроқиби тамосҳои интернетии онон бошанд, то аз ҳар навъ гароиши ин афрод ба гурӯҳҳои террористӣ ҷилавгирӣ шавад.

 Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки 80 ҷавони ноболиғ аз ин кишвар таҳти таъсири таблиғоти интернетии гурӯҳи террористии ДИИШ ба Сурия ва Ироқ рафтаанд.