Раиси Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ ба асардуздӣ муттаҳам шуд
(last modified Sun, 15 Jul 2018 04:31:29 GMT )
Июл 15, 2018 09:31 Asia/Dushanbe
  • Раиси Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ ба асардуздӣ муттаҳам шуд

Пойгоҳи байналмиллии мубориза бо дуздӣ ва тақаллуби осори илмӣ (Диссернт), раиси Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистонро низ ба дуздии осори илмӣ ҳангоми навиштани рисолаи докторӣ муттаҳам кард.

Ба гузориши сомонаи Ахбор, дар идомаи ифшосозии истифодаи бидуни истиноди шахсиятҳои тоҷик аз осори илмӣ ҳангоми навиштани рисолаи докторӣ, ин бор Диссернет Шукрулло Хайрзодаро ба дуздии илмӣ муттаҳам кардааст.

Бар асоси ин гузориш, раиси Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон рисолаи доктории худро дар мавзӯи бонкдории исломӣ аз китобҳои ду донишманди рус рунавишт карда ва танҳо вожаи “Русия”-ро ба “Тоҷикистон” тағйир додааст.

Шукарулло Хайрзода, ки имсол аз сӯи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба симати раёсати Донишгоҳи молия ва иқтисоди ин кишвар мансуб шуд, дар соли 2012 аз рисолаи доктории худ дифоъ кардааст.

Вай аз ҷумлаи панҷ нафаре аст, ки дар соли 2015 муваффақ ба касби ҷоиза илмии “Исмоили Сомонӣ” шуда ва акнун аз сӯи пойгоҳи байналмиллии мубориза бо асардуздӣ ва тақаллуби осори илмӣ ба дуздии осори илмӣ муттаҳам мешавад.

Ба ин тартиб теъдоди шахсиятҳои сиёсӣ ва илмии тоҷик, ки пойгоҳи диссернет онҳоро ба дуздии осори илмӣ муттаҳам кардааст, ба 38 нафар расид.