Вокуниши Тоҷикистон ба интисоби Гулмурод Ҳалимов
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i3664-Вокуниши_Тоҷикистон_ба_интисоби_Гулмурод_Ҳалимов
Мақомоти қазоии Тоҷикистон ба хабари таъйини Гулмурод Ҳалимов, сарҳанги фирории Вазорати дохилаи ин кишвар, ба унвони фармондеҳи низомии гурӯҳи террористии ДИИШ вокуниш нишон додаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 06, 2016 10:04 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Тоҷикистон ба интисоби Гулмурод Ҳалимов

Мақомоти қазоии Тоҷикистон ба хабари таъйини Гулмурод Ҳалимов, сарҳанги фирории Вазорати дохилаи ин кишвар, ба унвони фармондеҳи низомии гурӯҳи террористии ДИИШ вокуниш нишон додаанд.

Ба гузориши "ТОП.тҷ", Муҳаммадризо Халифазода, корманди дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтааст, ки ниҳодҳои амниятӣ ва интзомии ин кишвар муваззаф шудаанд, ки дар бораи мизони муҳим будани шахсияти сарҳанг Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи пешини нерӯи вижаи Вазорати корҳои дохилӣ барои гурӯҳи террористии ДИИШ таҳқиқ анҷом диҳанд.

Вай таъкид кардааст, ки ба ин ниҳодҳо дастур шудааст то мавзӯи паёмадҳои эҳтимолии иқдомоти тахрибкоронаи Гулмурод Ҳалимов алайҳи амнияти миллии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор диҳанд.

Ҳамчунин тасмим гирифта шудааст, ки бо созмонҳои амниятии кишварҳои хориҷӣ барои пайдо кардан ва нобудиӣ Гулмурод Ҳалимов ҳамкорӣ ва ҳамоҳангиҳои лозим анҷом шавад.

Ин дар ҳоле аст, ки чанде пеш Курт Райс, муовини амниятии вазири умури хориҷаи Амрико аз таъйини ҷоизаи 3 миллион долларӣ барои иттилоъ аз сарнавишти Гулмурод Ҳалимов, сарҳанги фирории тоҷик хабар дода буд.

Ба гуфтаи Райс, Ҳалимов давраҳои донишафзоиро дар яке аз пойгоҳҳои низомии Амрико фаро гирифта ва кунун ба муҳрае муҳим дар миёни фармондеҳони гурӯҳи террористии ДИИШ табдил шудааст.

Чанде пеш расонаҳо хабар доданд, ки Гулмурод Ҳалимов ба ҷои Абуумар Шишонӣ, ки кушта шуд, ба фармондеҳии низомии гурӯҳи террористии ДИИШ таъйин шудааст. Мақомоти қазоии Тоҷикистон алайҳи ин сарҳанги фирорӣ ба иттиҳоми хиёнат ба ватан, мушорикат дар фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ, ҳузур дар таркиби гурӯҳҳои ҷиноӣ дар қаламрави кишварҳои дигар, парванда ташкил додаанд.