Боздошти омили ҳамла ба автобуси Вазорати дифои Тоҷикистон пас аз 22 сол
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i36653-Боздошти_омили_ҳамла_ба_автобуси_Вазорати_дифои_Тоҷикистон_пас_аз_22_сол
Мақомоти амниятии Тоҷикистон аз боздошти омили ҳамла ба автобуси ҳомили кормандони Вазорати дифои ин кишвар пас аз 22 сол хабар доданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 16, 2018 08:01 Asia/Dushanbe
  • Боздошти омили ҳамла ба автобуси Вазорати дифои Тоҷикистон пас аз 22 сол

Мақомоти амниятии Тоҷикистон аз боздошти омили ҳамла ба автобуси ҳомили кормандони Вазорати дифои ин кишвар пас аз 22 сол хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории давлатии “Ховар”, равобити умумии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо интишори баёнияе аз боздошти Хуршед Раҷабови 48 сола хабар дод, ки ба ҳамла ба автобуси ҳомили кормандони Вазорати дифои ин кишвар дар таърихи 18 –уми июни соли 1996 муттаҳам аст.

Дар ин баёния таъкид шудааст, дар натиҷаи ҳамлаи террористии Хуршед Раҷабов ва ҳамдастонаш дар соли 1996, як нафар аз кормандони Вазорати дифои Тоҷикистон кушта ва 9 тани дигар захмӣ шуда буданд. Ин фард тайи ин 22 сол дар Русия сукунат дошта, ки ахиран ҳангоми вуруд ба Душанбе бо ном ва асноди тақаллубӣ боздошт шудааст.

Ин баёния меафзояд, Хуршед Раҷабов дастури ҳамла ба автобуси ҳомили кормандони Вазорати дифои Тоҷикистонро аз афроди наздик ба Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода, ки дар хориҷ аз ин кишвар қарор дошт ва муртабит бо Ҳизби наҳзати исломӣ буд, дарёфт кардааст.

Вай эътироф кардааст, ки чанд рӯз машғули омӯзиши масири ҳаракати автобуси ҳомили кормандони Вазорати дифои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе буда ва бо таҳияи нақшаи дақиқ ин ҳамларо анҷом додааст.