Июл 17, 2018 09:08 Asia/Dushanbe
  • Нахуствазирони Тоҷикистону Узбакистон бо якдигар дидор карданд

Нахуствазирони Тоҷикистону Узбакистон рӯзи гузашта дар шаҳри Фарғонаи Узбакистон бо якдигар дидору гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши сомонаи “Подробно”, дар музокироти Қоҳир Расулзода ва Абдуллоҳ Орифов пайгирии масоили марбут ба иҷрои тавофуқоти сафари расмии Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон дар моҳи марти соли ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Омодагӣ барои сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Узбакистон дар тирамоҳи соли ҷорӣ низ аз дигар меҳварҳои нахуствазирони Тоҷикистону Узбакистон буд. Қоҳир Расулзода ва Абдуллоҳ Орифов аз мизони равобити иқтисодии ду кишвари ҳамсоя, ки дар ним соли гузашта 35 дарсад афзоиш ёфтааст, ибрози хурсандӣ карданд.

Пас аз марги Ислом Каримов, раисҷумҳури пешини Узбакистон муносиботи ин кишвар бо Тоҷикистон раванди пуршитоб ва рӯ ба густаришеро ба худ гирифтааст.