Июл 17, 2018 09:19 Asia/Dushanbe
  •  Марг бар асари гармо - барои нахустин бор дар Тоҷикистон

Барои нахустин бор дар Тоҷикистон гармои шадиди ҳаво ҷони як шаҳрвандро гирифт.

Зуҳри 14-уми июл Сайдинисо Шоҳмирзоева, аз сокинони рустои Сурхоби ноҳияи Фархор дар ҳини кор дар мазрааи кишоварзии хонаводагии худ даргузашт, ки ба гуфтаи бастагонаш, иллати ин ҳодисаи ногувор дамои болои ҳаво будааст. Пизишкон ҳам ин фарзияро таъйид кардаанд, ки қалби ин зани тоҷик бар асари шиддат гармо аз тапидан бозмондааст.

Гуфта мешавад, рӯзи ин ҳодиса дамои ҳаво наздик ба 45 дараҷа болои сифр будааст.

Пеш аз ин, дар рӯз панҷуми июл мақомоти Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон шаҳрвандони ин кишвар, бавижа беморонро тавсия карда буданд, ки ба иллати гармои шадид аз чораҳои эҳтиётӣ ба кор бигиранд.