Тоҷикистон. Фурӯши телефони ҳамроҳ танҳо бо муҷаввизи мухобирот
Ба дастури Хадамоти иртиботот ва мухобироти Тоҷикистон фурӯши телефонҳои ҳамроҳ дар ин кишвар танҳо бо муҷаввизи ин ниҳоди давлатӣ имконпазир хоҳад шуд.
Ба гузориши “Спутник”, Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти давлатии иртиботот ва мухобироти Тоҷикистон гуфт, ин тасмим чанде қабл гирифта шудааст ва рӯзҳои наздик иҷроӣ хоҳад шуд. Ӯ ҳадаф аз ин иқдомро ҷилавгирӣ аз воридоти қочоқии телефонҳои ҳамроҳ, таъмини амнияти миллӣ ва фурӯши ин васоил бар асоси стандартҳои мавриди назари Хадамоти давлатии иртиботот ва мухобироти Тоҷикистон унвон кардааст. Ба гуфтаи ин мақоми масъули Хадамоти давлатии иртиботот ва мухобироти Тоҷикистон, аз ин пас тамоми фурӯшандагони телефони ҳамроҳ муваззаф мешаванд, ки молҳои худро танҳо бо муҷаввиз ва таъйиди расмии ин ниҳод ба муштариён арза кунанд.
Фурӯшандагони телефони ҳамроҳ муваззаф мешаванд, бо пардохти маблағҳои молӣ муҷаввизи фурӯши ин васоилро аз Хадамоти давлатии иртиботот ва мухобироти Тоҷикистон дарёфт кунанд, дар ғайри ин сурат фурӯшандагон мавриди муҷозот қарор хоҳанд гирифт.
Ҳарчанд масъулони Хадамоти иртиботот ва мухобироти Тоҷикистон тамоми тасмимҳои худро барои таъмини амнияти миллии ин кишвар унвон мекунад, аммо бархе коршиносон муътақиданд, ки дар асл пушти ин қазия манофеи иқтисодӣ нуҳуфтааст, ки бояд дар инҳисори ин ниҳоди давлатӣ бошад.