Хези Арабистон барои тарвиҷи ваҳҳобият дар байни ҷавонони тоҷик
Коршиноси сиёсии тоҷик бо ишора ба густариши фаъолияти Арабистон дар арсаи фарҳангӣ ва мазҳабии Тоҷикистон гуфт: Риёз бо истифода аз сардии равобит миёни Душанбе ва Теҳрон дар талош аст, дар азҳони ҷавонони тоҷик нуфуз кунад.
Хуршед Имомназаров, коршиноси тоҷик дар матлабе таҳти унвони «Арабистони Саудӣ дар байни ҷавонони Тоҷикистон нуфуз мекунад», Риёзро ба густариши нуфуз ва идеаҳои ваҳҳобият ва салафигарӣ дар миёни ҷавонони тоҷик муттаҳам кард.
Дар ин матлаб омадааст: Феврали 2018 дар расонаҳои Саудӣ ва Тоҷикистон ахборе дар хусуси марҳалаи поёнии сохти муассисаи омӯзишӣ барои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи тоҷикҳо мунташир шуд.
Сармоягузории тарҳи мазкурро маркази кумакҳо ва амалиёти башардӯстона ба номи Шоҳ Салмон бар уҳда дошт.
Дар нигоҳи аввал дар ин ахбор чизи ғайримаъмуле нест.
2 кишвар муддатҳост, ки равобити дипломатӣ барқарор ва тарҳҳои муштаракро тавсеа медиҳанд.
Аммо бо таваҷҷуҳи бештар ба вазоифе, ки ин марказ дар оянда анҷом хоҳад дод, аҳдофи саудиҳо аз иҷрои ин барномаҳо равшантар мешавад.
Фаъолияти аслии ин марказ, иҷрои барномаҳо дар заминаи мудирияти фавқулода, омӯзиши наҷот ва масоили марбут ба тадорукот аст.
Бо ин ҳол, дар миёни вазоифи ин марказ як нукта низ вуҷуд дорад, ки ба иҷрои барномаҳои тавсеаи ҷавонони тоҷик муртабит аст.
Маблағи тахсис дода шуда барои иҷрои ин тарҳ як миллиону 634 ҳазор долларро дар бар мегирад.
2 моҳ қабл Сандуқи тавсеаи Саудӣ 35 миллион доллар барои сармоягузории тарҳи сохт мадорис дар қаламрави Тоҷикистон ироа кард.
Сармояи мазкур барои омодасозии пойгоҳҳои модӣ ва илмӣ ва ҳамчунин сохти мадориси мутавассит дар 30 минтақа ҳазина мешаванд.
Набояд фаромуш кард, ки Риёз ба таври муассир бо истифода аз сардии равобити Эрон ва Тоҷикистон тасмим гирифта, нуфузи худ дар азҳони ҷавонони тоҷикро густариш диҳад.