Июл 18, 2018 10:56 Asia/Dushanbe
  • Нахустин размоиши муштараки низомиёни Русия ва Тоҷикистон дар Бадахшон

Барои нахустин бор дар вилояти кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон размоиши муштараки низомиёни ин кишвар ва Русия дар ҳоли баргузорӣ аст.

Ба гузориши хабаргузории “Интерфакс”, ин размоиш аз рӯзи сешанбе, 17-уми июл оғоз шуда ва чаҳор рӯз идома хоҳад дошт.

Размоиши муштараки низомиёни Тоҷикистон ва Русия таҳти фармондеҳии генерал Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон баргузор мешавад ва дар он ҳудудан 10 ҳазор нерӯи мусаллаҳ аз ҳар ду кишвар ҳузур доранд.

Муқобила бо хатароти эҳтимолии бархоста аз таҳаввулоти шимоли Афғонистон аз ҷумлаи аҳдофи аслии размоиши муштараки низомиёни Тоҷикистон ва Русия дар Бадахшон аст.

Вилояти худмухтори кӯҳистони Бадахшон дар шарқи Тоҷикистон, бо Афғонистон марзи муштараки васее дорад, ки ин марз ба лиҳози қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир ҳамвора хабарсоз аст.

Аз сӯйи дигар, ҳамлаи Толибон ва ДИИШ ба манотиқи марзии Тоҷикистон ва Афғонистон низ боиси нигаронии мақомоти сиёсӣ ва низомии Тоҷикистон ва Русия шудааст.