Июл 19, 2018 08:47 Asia/Dushanbe
  • Мамнӯияти вуруди 39-солаи як муҳоҷири тоҷик ба Русия

Мақомоти марзбонии Русия дар фурудгоҳи “Жуковский”-и Маскав як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки аз Туркия барои кор ба пойтахти Русия омада буд, ба муддати 39 сол мамнӯъулвуруд карданд ва бо ҳамон парвоз ӯро ба Истанбул пас фиристоданд.

Ба гузориши “CA News”, Муҳаммадризо М. гуфт, вай ҳамроҳи 7 шаҳрванди Тоҷикистон аз Туркия ба Маскав парвоз кард, аммо ҳамаи онон бидуни далел дубора ба Истанбул пас фиристода шуданд. Ӯ таъкид кард, “дар миёни мо духтаре аз шаҳри Хуҷанд ҳам буд, ки барои нахустин бор ба Русия сафар мекард, аммо вай низ ихроҷ шуд”.

Маъмурони марзбонии Русия дар ин фурудгоҳ бидуни ироаи ҳеҷ тавзеҳе иқдом ба ихроҷи ин шаҳрвандони Тоҷикистон кардаанд.

Муҳаммадризо М. мегӯяд, ки агар вай натавонад ба муддати 39 сол, яъне то соли 2057 вориди Русия шавад, ба синни бознишастагӣ хоҳад расид. Ин шаҳрванди Тоҷикистон гуфтааст, ки барои бори нахуст аст, ки мебинад, ки як фардро аз Русия ба муддати 39 сол ихроҷ мекунанд.

 Ӯ муддате дар Туркия дар пайи пайдо кардани кор буд, аммо муваффақ ба дарёфти ҷойи кор нашуда буд, бинобар ин ба қасди пайдо кардани шуғл ба Русия сафар карда буд, ки аз ин кишвар ихроҷ ва ба муддати 39 сол мамнӯъулвуруд шуд.