Июл 21, 2018 17:25 Asia/Dushanbe
  • Марзбонии Қирғизистон: Тарафи тоҷик узрхоҳӣ кард

Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон дар як изҳороти вижа гуфт, рӯзи 20 июл ду марзбони қирғиз ва ду сокини мулкии Қирғизистон дар марз бо ҷазирақаламрави Ворух боздошт шуда, як марзбони қирғиз латукӯб шудааст. Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, намояндаи Тоҷикистон барои "амалҳои ғайриқонунӣ”-и низомиёни тоҷик узр пурсид ва вазъ дар марз ҳоло ором шудааст.

Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон рӯзи 21 июл иттилоияи муфассалеро дар бораи ҳаводиси рӯзи 20 июл дар марз бо ҷазирақаламрави Ворухи Тоҷикистон нашр кард. Бино ба ин изҳорот, рӯзи 20 июл ҳангоми ҳаракат аз роҳи транзитии Кишмиш -Оқсой, ки аз дохили Ворух мегузарад, ду марзбони қирғиз ва ду шаҳрванди Қирғизистон дастгир шудаанд.

Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон мегӯяд, "марзбонони тоҷик ҳангоми боздошт пархошҷӯёна рафтор карда, ба яке аз марзбонони қирғиз осеби сабуки ҷисмонӣ расондаанд.”

Дар пайи ин ҳодиса музокироти мақомоти марзбонии минтақаҳои Бодканди Қирғизистон ва Суғди Тоҷикистон сурат гирифта, ҷониби Қирғизистон дар ин музокирот рафтори низомиҳои тоҷикро ғайриқонунӣ номидааст.

Дар натиҷаи музокирот ҳамаи 4 нафари боздоштшударо ба ҷониби Қирғизистон супурдаанд. Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон ҳамчунин мегӯяд, ки "дар ҷараёни мулоқот намояндаи Тоҷикистон барои рафтори низомиҳои тоҷик узр пурсид.”

Ҷониби Тоҷикистон то ҳол ба таври расмӣ ин қазияро шарҳ надодааст. Аммо ба гуфтаи Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, "ҳоло вазъ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон ором шудааст ва ба хотири дар оянда роҳ надодан ба амалҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон, намояндагони марзбонони қирғиз ва мақомоти маҳаллӣ дар байни сокинони манотиқи марзӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ доир кардаанд.”

Манобеи наздик ба мақомоти интизомиву амниятӣ дар минтақаи Исфара шоми 20 июл хабар доданд, ки 4 марзбони қирғизро дар пайи музокироти мақомоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон ба кишвари ҳамсоя баргардондаанд. Ин 4 марзбон, ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони "Ахбор”, нимаи дуюми рӯзи 20 июл, баъди намози ҷумъа дар марзи байни Ворух ва деҳаи Оқсойи вилояти Бодканди Қирғизистон дастгир шуданд.