Июл 24, 2018 08:19 Asia/Dushanbe
  • Сафари 303 ҳазор шаҳрванди Узбакистон ба вилояти Суғд дар шаш моҳи имсол

303 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Узбакистон дар шаш моҳи нахусти имсол ба вилояти Суғди Тоҷикистон сафар кардааcт.

Ба гузориши дафтари матбуотии раиси вилояти Суғд, ҳамчунин тайи ин муддат наздик ба 40 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Русия, беш аз 23 ҳазор қирғиз ва се ҳазору 600 қазоқ аз вилояти Суғд боздид кардаанд. Аз сӯйи дигар дар ин муддат 583 шаҳрванди Беларусия, 411 украинӣ, 150 шаҳрванди Молдова, 79 шаҳрванди Ҷумҳурии Озарбойҷон, 73 туркаман ва 28 шаҳрванди Арманистон низ аз маконҳои таърихӣ ва дидании вилояти Суғд боздид кардаанд.

Бозгушоии тамоми 10 гузаргоҳи марзӣ дар шимоли Тоҷикистон бо Узбакистон фароҳам шудани сафари бидуни раводид ба муддати 30 рӯз ва имкони вуруд ба қаламрави ин ду ҷумҳурӣ бо худравҳои шахсӣ мӯҷиби афзоиши боздиди шаҳрвандони ин ду кишвар аз Тоҷикистону Узбакистон шудааст.

Дар ҳоли ҳозир дар қаламрави вилояти Суғд 22 ширкати гардишгарӣ фаъолият мекунад, ки 12-тои он дар ноҳияи Панҷакент ба гардишгарон хадамот ироа мекунанд. Соли 2018 дар Тоҷикистон Соли рушди гардишгарӣ, саноеи дастӣ ва ҳунарҳои мардумӣ номгузорӣ шудааст.