Қатли фаҷеи духтари хурдсоли тоҷик дар Русия
Боз ҳам яке дигар аз хонаводаҳои муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия ғамдор шуд.
Ба гузориши нашрияи “Московский комсомолец”, рӯзи душанбе, 23 июл ҷасади Ҳувайдо Тилозода, духтари 5-солаи тоҷикистонӣ дар шаҳри Серпуховои Русия пайдо шуд. Ин духтари хурдсол рӯзи 22 июл нопадид шуда буд.
Ба дунболи иҷрои амалиёти ҷустуҷӯ тавассути сокинони маҳаллӣ ва созмонҳои имдодрасони Русия ҷасади тикка ва порашудаи духтарак дар дохили кифе дар яке аз маҳаллаҳои ин шаҳри наздики Маскав, пойтахти Русия пайдо шуд. Дурбинҳои назоратӣ собит карданд, ки омили ин ҷинояти ҳавлнок Александр Сиёмин, шаҳрванди 28-солаи Русия аст, ки бо баҳона хариди яхмос ва бозича кӯдакро фиреб кардааст. Ин фарди ҷонӣ (маняк) дар гузашта низ ба аъмоли хилоф дар қиболи кӯдакон даст зада, ки танҳо бо тазаккури пулис раҳо шудааст.
Бо гузашти ду рӯз аз вуқӯи ин фоҷеа барои хонаводаи муҳоҷири тоҷикистонӣ мақомоти расмии Тоҷикистон ва сафорати ин кишвар дар Русия ҳанӯз ҳеҷ вокунише аз худ нишон надодаанд.
Ин нахустин бор нест, ки чунин мусибате барои муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар Русия пеш меояд. Яке аз пурсарусадотарини ин ҳаводис қатли фаҷеи Хуршеда Султонова, духтари 9-солаи тоҷик ба дасти нажодпарастони Русия дар шаҳри Санкт-Петербург дар 9-уми феврали соли 2004 буд.
Ҳамасола беш аз як миллион нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба унвони муҳоҷири корӣ озими Русия мешаванд, ки беш аз 500 нафар аз онҳо бар асари марги табиӣ, ҳаводис, садама, бадрафтории мақомоти қудратӣ ва афроди ҷонӣ (маняк) ҷони худро аз даст медиҳанд.