Июл 25, 2018 09:13 Asia/Dushanbe
  • Дархости созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башари байналмилалӣ аз Иттиҳоди Аврупо

Чаҳор созмони мудофеи ҳуқуқи башари байналмилалӣ аз мақомоти аршади Иттиҳоди Аврупо ва Комиссия Аврупо дархост кардаанд, барои водор кардани Ҳукумати Тоҷикистон ба иҷрои тааҳҳудоташ дар қиболи риояти ҳуқуқи башар ва озодии зиндониёни сиёсӣ, дар равобити худ бо ин кишвар таҷдиди назар кунад.

Ба гузориши сайти Фарғона, дар паёми ин чаҳор созмони ҳуқуқи башари байналмилалӣ ба хонум Федерико Могерини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дархост шудааст, аз сарнавишти зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон ғофил набошад ва озодии онҳоро талаб кунад.

Муҳаммадалии Ҳайит, Зайд Саидов, Бузургмеҳр Ёров, Нуруддин Маҳкамов, Шӯҳрат Қудратов, бародарон Далер ва Фирӯз Табароф ва Хайруллоҳ Мирсаидов аз ҷумлаи зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон ҳастанд.

Дар паёми созмонҳои Human Rights Watch, Freedom Now, Civil Rights Defenders ва кумитаи норвежии “Ҳелсинки” таъкид шудааст, идомаи ихтисоси кумаки молии 251 миллион евроии Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон тайи солҳои 2014 то 2020 бояд танҳо дар сурати пойбандии ин кишвар ба тааҳҳудоти байналмилалиаш дар заминаи риояти ҳуқуқи башар дода шавад.

Ҳамчунин аз Иттиҳоди Аврупо дархост шудааст, бо бастани ҳисобҳои бонкии мақомоти ҳукуматии Тоҷикистон, ки дар таъқиб ва шиканҷаи мухолифони сиёсӣ даст доранд, ҳар навъ музокира бо ин афрод мутаваққиф шавад.

Ин созмонҳо муддаиянд, дар зиндонҳои Тоҷикистон байни 100 то 200 нафар зиндонии сиёсӣ вуҷуд дорад, ки мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд.

 Ҳамчунин дар ин паём ба гузориши Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид ишора шудааст, ки дар моҳи майи имсол мунташир шуд.

Ин кумита таъкид карда буд, мақомоти Тоҷикистон то кунун дар бораи шиканҷа шудани теъдоде аз аъзои боздоштшудаи Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии Тоҷикистон дар соли 2015 гузорише ироа накардаанд.