Июл 25, 2018 11:06 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии Қирғизистон аз таҷаммӯи гурӯҳҳои террористӣ дар марзҳои Тоҷикистон

Қирғизистон дар бораи таҷаммӯи гурӯҳҳои террористӣ- ифротӣ дар тӯли марзҳои Афғонистон бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна, ибрози нигаронӣ кард.

Ба гузориши сомонаи интернетии 24-и Қирғизистон, нигаронӣ дар бораи ин мавзӯро Уларбек Шаршеев, раиси Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар як нишасти матбуотӣ дар Бишкек - пойтахти ин кишвар баён кард.

Ба гуфтаи ин мақоми аршади қирғиз, дар марзҳои Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳудуди 10 ҳазор нафар аз аъзои ДИИШ ва Толибон мустақар шудаанд, ки ин хатари ҷиддӣ барои кишварҳои минтақа, аз ҷумла Қирғизистон аст.

Уларбек Шаршеев изҳор дошт, ба хотири ин таҳдидҳост, ки Қирғизистон тадобири амниятиро дар марз бо Тоҷикистон шиддат бахшида ва ба теъдоди посгоҳҳои марзии худ афзудааст.

Раиси Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар айни ҳол аз боздошти 12 нафар, ки аз ҷангҳои Сурияву Ироқ баргаштанд, хабар дод.

Гуфтанӣ аст, танҳо 520 километр аз марзи 721 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон аломатгузорӣ шудааст.