Июл 25, 2018 11:41 Asia/Dushanbe
  • Ибрози ризоияти Раҳмон аз фаъолияти шаҳрдори Душанбе

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибрози ризоият аз раванди корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар шаҳри Душанбе, пойтахти ин кишвар тайи ҳудуди ду соли гузашта, хостори густариш ва тавсеаи ин иқдомот то ҷашни 30 -солагии Истиқлоли Тоҷикистон шуд.

Ба гузориши дафтари хадамоти матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи сешанбе дар нишаст бо раисони чанд вазоратхона ва идораи давлатӣ, иқдомот ва амалкарди Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанберо дар ҷиҳати рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ин шаҳр дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ баррасӣ кард.

Дар ин ҷаласа Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон ва раисони ноҳияҳои пойтахт гузоришҳоеро дар бораи омода кардани пойтахт барои истиқбол аз ҷашни 30 - солагии Истиқлоли Тоҷикистон ироа доданд.

Азим Иброҳим, мудири проекти омодасозии пойтахт барои ҷашни 30- солагии Истиқлоли Тоҷикистон аст.

Ҳарчанд бар асоси аксҳои мунташиршуда аз сӯйи хадамоти матбуоти раисҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин нишаст шаҳрдори Душанбе низ суханронӣ карда, вале дар гузориши мунташиршуда дар сомонаи расмии раисҷумҳур, ҷузъиёти суханони ӯ зикр нашудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз иртиқои бархе ҳавзаҳое монанди сатҳи энержии пойтахт (махсусан таъмини барқи аҳолии шаҳри Душанбе), сатҳи тандурустӣ ва фарҳанги шаҳри Душанбе, сатҳи хадамоти шаҳрӣ ба сокинон ва меҳмонони пойтахт ва иртиқои бозорҳо ва хариду фурӯш ибрози ризоият кард.

Вай дар ин ҷаласа барои ободониҳо ва тавсеаи ҳарчӣ бештари пойтахт, ба раисони вазоратхонаҳо, идорот ва низ мақомоти давлатии пойтахт дастуруламалҳое ироа дод.

Хадамоти матбуоти раисҷумҳурӣ меафзояд, Раҳмон дар ин нишасти машваратӣ барои табдили пойтахт ба як шаҳри муосир ва пешрафта ва омода кардани он барои истиқбол аз ҷашни Истиқлол, аз сармоядорон ва корофринон даъват ба ҳамкорӣ кард.

Ҷашни 30- солагии Истиқлоли Тоҷикистон дар соли 2021 баргузор мешавад.