Июл 26, 2018 09:37 Asia/Dushanbe
  • Ҷалби пулис барои пардохти қарзи барқи масрафӣ дар Душанбе

Шаҳрдори Душанбе дастури истифода аз нерӯҳои пулис барои пардохти қарзи барқи масрафии бахши хонагӣ, корхонаҳо ва марокизи тавлидии пойтахти Тоҷикистонро содир кард.

Ба гузориши сойти шаҳрдории Душанбе, Рустами Эмомалӣ ба иллати афзоиши қарзи бахши хонагӣ, корхонаҳо ва марокизи тавлидии пойтахти Тоҷикистон аз ширкати давлатии “Барқи тоҷик” бобати барқи масрафӣ дастур додааст, барои тасвияҳисоби қарздорон аз нерӯҳои пулис истифода шавад. Аммо дар бораи наҳваи ҷалби нерӯҳои интизомӣ барои водор кардани қарздорон ба пардохти қарзи барқи онон чизе гуфта нашудааст.

Сойти шаҳрдории Душанбе мизони қарзи бахши хонагӣ, корхонаҳо ва марокизи тавлидии шаҳри Душанберо бобати барқи масрафӣ тайи шаш моҳи соли ҷорӣ 21 миллион сомонӣ (муодили ду миллиону 22 ҳазор доллар) зикр кардааст. Ин дар ҳоле аст, ки ба гуфтаи мақомоти Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон, тайи ин муддат қарзи Корхонаи алюминийи Тоҷикистон аз ширкати “Барқи тоҷик” бобати барқи масрафӣ ба 421 миллион сомонӣ, бахши хонагӣ 930 миллион сомонӣ ва соири муштариён 770 миллион сомонӣ расидааст.

Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналмилалии Пул иллати афзоиши қарзи бахши хонагӣ, корхонаҳо ва марокизи тавлидӣ бобати барқи масрафӣ аз ширкати давлатии “Барқи тоҷик”-ро мудирияти заиф, набудани шаффофият дар амалкарди молӣ ва поин будани қимати барқ барои теъдоде аз корхонаҳои бузурги Тоҷикистон унвон кардаанд.