Июл 26, 2018 12:19 Asia/Dushanbe
  • Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Неругоҳи барқи обии Роғун

Субҳи имрӯз панҷшанбе 26-уми июл, Эмомалӣ Раҳмон барои боздид аз рафти корҳои сохту сози Роғун ба ин неругоҳи барқи обӣ рафт.

Ба нақл аз Дафтари матбуоти раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамроҳи Қоҳир Расулзода Сарвазири Тоҷикистон аз рафти корҳои сохтмонии Неругоҳи Роғун, ки бо сифати баланд ва ба таври шабонарӯзӣ анҷом мешавад боздид ва бо муҳандисон ва коргарони ин прожа дидор кард.

Тибқи иттилои манбаъ, боздиди Раҳмон бо мавзеъи марҳилаи аввали сохти сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун, ки яке аз марҳилаҳои муҳимми ин прожа ба шумор  меравад, оғоз шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ба коргарон ва муҳандисони неругоҳ таъкид кард ҳар марҳила аз марҳилаҳои сохти ин неругоҳро тибқи нақша ва бо сатҳу сифати баланд иҷро кунанд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур таъкид кардааст, ки рафти корҳои сохтмонии ин неругоҳ таҳти назорати бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва ин омили асосии босифат ва мутобиқи нақша пешрафтани корҳои сохтмонии ин неругоҳ мебошад.

Сохти Неругоҳи барқи обии Роғун дар 110 километрии шарқи шаҳри Душанбе  ва руи рудхонаи Вахш дар аввалҳои даҳаи 1970  барномарезӣ шуд, аммо ба иллати ҷанги дохилӣ ва мухолифатҳои Узбакистон ҳануз ин тарҳ комил нашудааст.