Июл 27, 2018 17:57 Asia/Dushanbe
  • Зиндон барои ду узви тоҷикистонии Ҳизбуттаҳрир дар Русия

Рӯзи панҷшанбе додгоҳи низомии Маскав ду узви Ҳизбуттаҳрир аз кишвари Тоҷикистонро маҳкум ба зиндон кард.

Ба гузориши хабаргузории РИА-Новости, ин ду тоҷикистонӣ ба номҳои Фарҳод Нурмаҳмадов ва Мирзобарот Мирзошарифов ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои террористӣ ҳар кадом шаш сол аз озодӣ маҳрум шуданд.

Додгоҳи ёдшуда, ки ҷаласаи сайёри худро дар шаҳри Санкт-Петербург доир намуд, дар радифи ин ду шаҳрванди Тоҷикистон, шаш шаҳрванди Русияро низ ба унвони ҳамдасти онҳо дар ҷараёни ифротии Ҳизбуттаҳрир аз панҷ то даҳуним сол равонаи зиндон кард.

Аъзои маҳкумшудаи Ҳизбуттаҳрир дар солҳои 2016 ва 2017 дар шаҳри Санкт-Петербург ба дасти мақомоти амниятии Русия боздошт шуданд.

Муҳоҷират ба Русия яке аз авомили гароиши ҷавонони тоҷикистонӣ ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба гурӯҳҳои ифротии монанди Ҳизбуттаҳрир ва ДИИШ эълом мешавад.

 Фаъолияти Ҳизбуттаҳрир дар Тоҷикистон ва Русия мамнуъ аст.