Июл 27, 2018 20:57 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ва Фаластин дар масири густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ

Вазирони умури хориҷаи Тоҷикистон ва Фаластин аз эҷоди комиссияи байнидавлатии ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии ду кишвар ҳимоят карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Сироҷиддини Муҳриддин ва Риёз ал-Молкӣ вазири умури хориҷа ва муҳоҷирати Фаластин дар шаҳри Душанбе дидор ва гуфтугӯ карданд.

Дар ин дидор раисони ниҳодҳои дипломатии Тоҷикистон ва Фаластин масоили марбут ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва амниятии миёни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ду тараф дар ин дидор ба таъсиси комиссияи байнидавлатии ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ иброзӣ алоқамандӣ карданд ва ҳамчунин хосторӣ он шуданд, ки асноди дар дасти баррасии ду тараф ҳарчи зудтар имзо шавад.

Ҳамкории ду тараф дар чорчуби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ, аз ҷумлаи дигар мавзӯъҳое буд, ки дар ин дидор дар бораи он баҳсу гуфтугӯ шуд.