Июл 27, 2018 21:14 Asia/Dushanbe
  • Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон: Ба хориҷ бурдани Ҳамза бефоидааст

Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон гуфт, бемории саратони Ҳамза Тиллозода набераи раиси ҳизби мамнуъшудаи Наҳзати исломӣ дармон надорад ва талоши хонаводаи онон барои интиқоли вай ба хориҷ низ бефоидааст.

Ба гузориши сомонаи Ахбор, Сайида Умарзода дар нишасти хабарии масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гуфтааст, ки Ҳамза Тиллозода набераи чаҳорсолаи Муҳиддин Кабирӣ мубтало ба дараҷаи чаҳорум ва пешрафтаи бемории саратон мебошад ва дармони ӯ дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон ғайримумкин аст.

Вай муддаӣ шудааст, ки волидайни Ҳамза Тиллозода исрор доранд, ки ин кӯдаки чаҳорсола бояд барои дармон ба хориҷ мунтақил шавад ва ба суханони пизишкон аҳамият намедиҳанд.

Аммо модари ин кӯдак гуфтааст, ки пизишкони тоҷик як амали ҷарроҳӣ рӯйи Ҳамза анҷом додаанд, ки пас аз ин иқдом бемории ӯ ба шиддат пешрафт кардааст.

Хонум Мижгона Зайниддинова таъкид кардааст, ки қаблан чанд бор талош кардаанд, ки кӯдаки беморашонро ба хориҷ мунтақил кунанд, аммо ба далели надоштани мадорики шиносоӣ муваффақ ба ин кор нашудаанд.

Акнун мақомоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ваъда додаанд, ки барои ин модар ва кӯдак гузарномаи ҷадид содир хоҳанд кард, то заминаи сафари онон ба хориҷ фароҳам гардад.

Ин дар ҳоле аст, ки ҷамъоварии имзо зери нома ба Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусоидати вай ба мавзӯи интиқоли Ҳамза Тиллозода ба хориҷ бо ҳадафи дармони вай дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ибтикори фаъолони расонаии тоҷик ҳамчунон идома дорад.  

Гуфта мешавад, ки тайи панҷ рӯз 92 ҳазор нафар ин номаро имзо кардаанд.