Таъмини нафти нахустин полоишгоҳи Тоҷикистон аз Қазоқистон
(last modified Sat, 28 Jul 2018 04:05:49 GMT )
Июл 28, 2018 09:05 Asia/Dushanbe
  • Таъмини нафти нахустин полоишгоҳи Тоҷикистон аз Қазоқистон

Нафти мавриди ниёзи нахустин полоишгоҳи нафти Тоҷикистон дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара, дар вилояти Хатлон, аз Қазоқистон ворид хоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, Сафаралӣ Тайфуров, муовини мудири минтақаи озоди иқтисодии Данғара, ки нахустин полоишгоҳи нафти Тоҷикистон дар он ҷо дар ҳоли сохт аст, гуфтааст, нафти мавриди ниёзи ин корхона аз Қазоқистон ворид хоҳад шуд.

Ба гуфтаи вай, пас аз се соли таъхир дар баҳрабардорӣ аз ин полоишгоҳ, қарор аст фази нахусти ин корхона дар моҳи сентябри соли ҷорӣ ифтитоҳ шавад.

Аммо дар марҳилаи нахуст, ин полоишгоҳ танҳо ба тавлиди равғани дизелӣ (солярка) ва қир (битум) машғул хоҳад шуд ва бо насби тадриҷии таҷҳизот, заминаи тавлиди бензин бо стандартҳои “евро- 4” ва “евро -5” фароҳам мешавад.

Далели умдаи таъхир дар баҳрабардорӣ аз ин полоишгоҳ, таъмин нашудани бамавқеи эътибороти молӣ номида шудааст.

Дар ҳоле, ки ширкати чинии муҷрии сохти нахустин полоишгоҳи нафти Тоҷикистон эътибори молии мавриди ниёзи ин тарҳро ба ҳисоби “Агроинвестбонк” - и Тоҷикистон ворез кардааст ва ин ниҳоди молӣ наметавонад ин маблағро таъмин кунад.

Бо ифтитоҳи марҳилаи нахусти полоишгоҳи нафти Данғара дар вилояти Хатлони Тоҷикистон, заминаи тасфияи 500 ҳазор тон нафт дар сол фароҳам хоҳад шуд ва бо такмили он, Тоҷикистон метавонад солона як миллион тон нафти хомро дар ин полоишгоҳ коркард кунад.

Тарафи чинӣ барои сохти ин полоишгоҳ 450 миллион доллар ихтисос додааст.