Июл 28, 2018 15:42 Asia/Dushanbe
  • Вазири ҳолатҳои фавқулодаи Узбакистон ба Тоҷикистон сафар мекунад

Муовини Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз сафари раёсати муваққати Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбакистон ба Душанбе хабар дод.  

Ба нақл аз Форс, Муҳаммадҷон Салимзода гуфтааст, Турсунбой Худойберганов, раёсати муваққати Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбакистон дар авоили август ба Тоҷикистон сафар мекунад.  

Салимзода афзуд: Дар ҷарёни музокирот бо ҳамтоёни узбак қарор аст, масоили марбут ба ҳамкории дутараф дар умури фавқулода баррасӣ ва иқдомоти отӣ дар ин хусус мушаххас шаванд.