Кӯли Сарез таҳти назорати шабонарӯзии таҷҳизоти ҳушманд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i36968-Кӯли_Сарез_таҳти_назорати_шабонарӯзии_таҷҳизоти_ҳушманд
Муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон гуфтааст, авзои кӯли Сарез таҳти назорати шабонарӯзии таҷҳизоти ҳушманд қарор дорад ва дар мавриди садди он низ ҷойи ҳеҷ нигаронӣ нест.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 29, 2018 09:41 Asia/Dushanbe
  • Кӯли Сарез таҳти назорати шабонарӯзии таҷҳизоти ҳушманд

Муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон гуфтааст, авзои кӯли Сарез таҳти назорати шабонарӯзии таҷҳизоти ҳушманд қарор дорад ва дар мавриди садди он низ ҷойи ҳеҷ нигаронӣ нест.

Ба гузориши хабаргузории давлатии Ховар, Муҳаммадҷон Салимзода дар нишасти хабарии масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гуфтааст, сатҳи об кӯли Сарез имсол дар муқоиса бо соли қабл се метр коҳиш ёфтааст.

Вай иллати ин амрро камбуди бориш дар фасли зимистон донистааст.

Муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабари фурӯши оби ин кӯл ба хориҷи кишварро ҳам рад карда ва гуфтааст, дар моҳи августи имсол ҳайате аз Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Узбакистон бо сафар ба Тоҷикистон, аз кӯли Сарез боздид мекунанд ва бо вазъияти он ошно хоҳанд шуд.

Тӯли кӯли Сарез 70 километр, умқи он 505 метр ва захоири оби пушти садди табиии он 70 километри мукааб аст, ки бар асари зилзилаи шадиди соли 1911 ва суқути қитъаи бузурге аз кӯҳ сари роҳи рӯди Мурғоб, дар умқи кӯҳистонҳои вилояти Бадахшони Тоҷикистон ва дар баландии се ҳазору 263 метр аз сатҳи дарё падид омадааст.

Бархе донишмандони муҳити зист муътақиданд, дар сурати бурузи ҳодиса ва тахриби эҳтимолии садди кӯли Сарез бар асари зилзилаи шадид ва ҷорӣ шудани оби пушти он, зиндагии шаш миллион нафар аз сокинони Афғонистон, Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон бо таҳдиди ҷиддӣ рӯбарӯ мешавад.