Нишасти баррасии зиндагии Гулрухсор
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i36979-Нишасти_баррасии_зиндагии_Гулрухсор
Нишасти ҳафтагии шаҳри китоб бо унвони “Асре бо Гулрухсор” ба нақд ва баррасии шеър ва насри Гулрухсор Сафиева, шоири тоҷик ихтисос дошт ва бо ҳузури доктор Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ, доктор Иброҳими Худоёр ва доктор Марями Мушарраф баргузор шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 29, 2018 15:06 Asia/Dushanbe
  • Нишасти баррасии зиндагии Гулрухсор

Нишасти ҳафтагии шаҳри китоб бо унвони “Асре бо Гулрухсор” ба нақд ва баррасии шеър ва насри Гулрухсор Сафиева, шоири тоҷик ихтисос дошт ва бо ҳузури доктор Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ, доктор Иброҳими Худоёр ва доктор Марями Мушарраф баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Алиасғари Муҳаммадхонӣ, муовини фарҳангӣ ва умури байналмилали маркази фарҳангии шаҳри китоб дар Теҳрон, зимни ишора ба наздикии Эрон бо Тоҷикистон ва Афғонистон, зарурати ошноии бештар бо таҳаввулот дар шеър ва достоннависии ин кишварҳоро табйин ва изҳор кард: Гулрухсор Сафиева, шоир, нависанда ва муҳаққиқи барҷастаи тоҷик, риштаи забон ва адабиёти форсии тоҷикиро дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба поён расонд.  

Сардабири рӯзнома, дабири Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, раиси бунёди фарҳанги Тоҷикистон буда ва шуморе аз осори шоирони ҷаҳонро ба форсии тоҷикӣ баргардондааст.  

Ӯ афзуд: Дар 20 соли гузашта китобҳое назири “Гулчине аз шеърҳои Гулрухсор”, “Зодрӯзи дард”, “Ривоятҳои ногуфта”, “Танҳотар аз танҳоӣ”, “Сакарот” ва маҷмуаи ашъори ӯ бо муқаддимае аз Симини Беҳбаҳонӣ ба чоп расидааст.

Дар ин нишаст паёми савтии Гулрухсор барои мухотабон пахш шуд.