Як бонк ва як муассисаи молии Тоҷикистон дар остонаи варшикастагӣ
Ба дунболи варшикаст шудани “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” дар Тоҷикистон, акнун бонки “Эсхата” ва муассисаи моливу эътибории “Имон Интернешнл” низ дар остонаи мубтало шудан ба сарнавишти мушобеҳ ҳастанд.
Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, ин ду маркази молӣ, ки тайи ду соли ахир бо бурузи буҳрон дар низоми бонкии Тоҷикистон, аз шароити беҳтаре бархурдор буданд, акнун дар остонаи варшикаст шудан қарор гирифтаанд.
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон чанде қабл дар нишасти хабарӣ бо хабарнигорон дар шаҳри Душанбе гуфта буд, бонки “Эсхата” се миллиону 600 ҳазор сомонӣ ва муассисаи молӣ ва эътибории “Имон Интернешнл” 500 ҳазор сомонӣ ба иллати тахаллуф дар муомилоти арзӣ ҷарима шудаанд.
Вай ба ин ду ниҳоди молӣ иттиҳоми пулшӯӣ ва мушорикат дар интиқоли манобеи молии гурӯҳҳои қочоқчии маводи мухаддир дар Тоҷикистон ва Русияро задааст.
Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон гуфтааст, дар соли 2017 бонки “Эсхата” як миллиард сомонӣ ба муштариён вом дода, ки ҳеҷ ниҳоди молӣ дар Тоҷикистон натавонистааст ин андоза маблағро дар ихтиёри мардум қарор диҳад.
Дар ҳоле, ки 70 дарсад аз даромади молии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия низ тавассути бонки “Эсхата” мунтақил шудааст.
Ҳамчунин Шерхон Салимзода, раиси Ожонси давлатии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон таъкид кардааст, се корманди бонки “Эсхата” ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳҳои қочоқчии маводи мухаддир ва тақаллуби асноди молӣ боздошт шудаанд.
Аммо сомонаи “Ахбор” менависад, мушкили эҷодшуда барои бонки “Эсхата” ва муассисаи моливу эътибории “Имон Интернешнл” бархоста аз рақобати гурӯҳҳои қудратманди молӣ дар Тоҷикистон аст, ки талош мекунанд рақибони худро аз сари роҳ бардоранд ва тамоми муомилоти бонкиро инҳисорӣ кунанд.