Воксини инсулини ройгон дар Тоҷикистон ба итмом расидааст
Июл 13, 2016 16:42 Asia/Dushanbe
Дар Тоҷикистон захоири воксини инсулини ройгон барои беморони диабети қанд ба итмом расидааст.
Ба гузориши радиои тоҷикӣ, Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯзи 13 июл зимни тайиди ин хабар гуфт, теъдоди андаки доруе, ки боқӣ мондааст, танҳо барои кӯдакони бемор пешбинӣ шуда, он ҳам то охири августи соли ҷорӣ кифоят мекунаду бас.
Гузориши ҳамкорамон Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ аз Душанберо дар ин бора бишнавед: