Июл 31, 2018 20:51 Asia/Dushanbe
  • Ҳизби наҳзати исломӣ иддаои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро рад кард

Ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) рӯзи 31 июл дар як баёния иддаои ВКД дар бораи дар ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар Данғара даст доштани ин ҳизбро "бепоя” ва "тӯҳмати ғайримантиқӣ” номида, рад кард. ҲНИТ хостори ташкили гуруҳи байналмилали таҳқиқотӣ барои тафтиши ҳамлаи Данғара шуд.

Ба иттилои Ахбор, раёсати олии ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) рӯзи 31 июл дар пайи баргузории як ҷаласаи изтирорӣ дар як баёнияи вижа ҳар навъ даст доштанаш дар ҳамлаи хунин ба сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғараро рад кард.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон қаблан дар як гузориши муфассал гуфт, роҳбари гуруҳи ҳамлагарон Ҳусейн Абдусамадов солҳои 2014-2015 дар шаҳрҳои Қум ва Мозандарони Эрон таълими идеологӣ ва ҳарбӣ- диверсионӣ гирифта, ба як узви фаъоли ҲНИТ бо номи Носир Убайдов, маъруф ба Қорӣ-Носир "байъат” супурдааст.

Аммо ҲНИТ дар баёнияаш ин иттиҳоми ВКД-ро бепоя ва ғайримантиқӣ хонда, гуфт, ки ин иттиҳомотро "қотеъона инкор ва маҳкум мекунад.

ҲНИТ дар изҳороташ бо ишора ба масъулияти ҳамлаи Данғараро ба дӯш гирифтани ДОИШ мегӯяд, дар ҳоле ки "тарроҳон ва иҷрокунандагони ин амалиёти мудҳиш сароҳатан даст доштани худро дар ин ҷиноят ба ҷаҳон эълон намуданд,”мақомоти Тоҷикистон инро нодида гирифтаанд. ҲНИТ инро аз омилон ва тарроҳони аслии ҳамла ба самти дигар равона кардани диққати ҷомеа ва кӯшиши истифодаи мақомот аз ин ҳодиса "ҳамчун як баҳонаи дигар барои сафед кардани саркӯбгариҳои худ алайҳи мухолифин” номидааст.

Ба ақидаи ин ҳизби мухолифи дар Тоҷикистон мамнӯъ, чунин шеваи рафтори мақомот эътимод ба фарзияҳои расмии пешниҳодшударо аз байн бурда, бовариро ба натиҷаҳои тафтиши ҳодиса зери шубҳа қарор медиҳад.

ҲНИТ ба ин далел, хостааст, то "ҳарчи зудтар як гурӯҳи таҳқиқотии байналмилалӣ зери сарпарастии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, бо ҷалби мутахассисони кишварҳое, ки шаҳрвандонашон зарар дидааст, ташкил шавад ва натиҷаи таҳқиқоти худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод кунад. Таъхир дар ташкили чунин гурӯҳи таҳқиқотии байналмилалӣ метавонад боиси аз байн бурдани далелҳо ва поксозии изи омилони аслии ин ҷиноят аз тарафи доираҳои манфиатдор гардад.”

То ин лаҳза, бино ба иттилои ВКД, аз 9 гумонбари ҳамлаи рӯзи 29 июл 5 нафараш кушта ва 4 тани дигар дастгир шудаанд.