Август 01, 2018 07:58 Asia/Dushanbe
  • Дархости мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия аз вазири дохилаи Тоҷикистон

Мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия аз вазири умури дохилаи Тоҷикистон дархост кард, судури шиноснома (гузарнома)-и нав бо тағйири ном ва номи хонаводагӣ барои коргарони тоҷики ихроҷшуда аз Русияро мамнуъ кунад.

Ба гузориш аз сафҳаи Иззат Амон дар шабакаи Фейсбук, вай аз Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон дархост кардааст, ки аз судури шиносномаҳои ҷадид бо тағйири ном ва номи хонаводагӣ барои коргарони тоҷики ихроҷшуда аз Русия дар идораҳои шиносномадиҳӣ пешгирӣ кунад.

Вай гуфтааст, ки то ба ҳол ҳазорон нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷик, ки аз Русия ба далели нақзи қонунҳои кор ва иқомати ин кишвар ихроҷ шудаанд, дар Тоҷикистон бо дарёфти шиносномаҳои нав ва тағйири ном ва номи хонаводагӣ талош кардаанд, ки дубора вориди қаламрави Русия шаванд. Аммо мақомоти марзбонии Русия бар асоси додаҳои роёнаӣ, бо шиносоии ин афрод иқдом ба боздошти онон мекунанд, ки метавонад ҳукми то 6 сол маҳкумият ба зиндонро дар пай дошта бошад.

Ба гуфтаи Иззат Амон, ҳамакнун дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳои Русия садҳо шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми сохтакорӣ ва ҷаъли аснод ва талош барои вуруди ғайриқонунии дубора ба қаламрави ин кишвар, нигаҳдорӣ мешаванд, ки ниме аз ин афрод занон ҳастанд. Аз ин рӯ, аз вазири умури дохилаи Тоҷикистон дархост мешавад, ки ба идораи шиносномадиҳии ин кишвар дастур диҳад, ки аз судури шиносномаҳои нав бо тағйири ном ва номи хонаводагӣ барои коргарони тоҷики ихроҷшуда аз Русия ба муддати 5 сол ҷилавгирӣ кунанд.

Мақомоти марзбонии Русия қаблан аз афзоиши мавориди талоши дубораи шаҳрвандони ихроҷшудаи Тоҷикистон барои вуруд ба Русия бо шиносномаҳои нав ва тағйири ном ва номи хонаводагии ин афрод ибрози нигаронӣ ва дар ин маврид ҳушдор дода буданд.