Август 01, 2018 09:23 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли гардишгарони хориҷии маҷруҳ дар ҳодисаи террористӣ ба Душанбе

Гардишгарони хориҷии захмӣ дар ҳодисаи террористии ноҳияи Данғараи Тоҷикистон, ба шаҳри Душанбе, пойтахти ин кишвар мунтақил шуданд.

Ба гузориши “Спутник”, ду нафар аз ин гардишгарон ба номҳои Ким Айрис ва Дименд Мари Клер, ки бо корд захмӣ ва дар бемористон бистарӣ шудаанд, шаҳрванди кишвари Швейтсария ҳастанд.  

Ин ду нафар дар рӯзи ҳодиса дар бемористони марказии ноҳияи Данғара бистарӣ ва ҷарроҳӣ шуда буданд ва акнун пизишкон вазъияти ононро рӯ ба беҳбуд эълом кардаанд.

Дар айни ҳол Гуиллаюм Джеан, шаҳрванди Фаронса ва яке дигар аз гардишгарони хориҷии осебдида дар ҳамлаи рӯзи 29 - уми июл, ки дучори шоки шадиди рӯҳӣ шудаанд, барои идомаи дармон ба сафорати Фаронса дар Тоҷикистон таҳвил дода шуданд.

Дар ҳамлаи гурӯҳе аз аъзои ДИИШ ба гардишгарони хориҷӣ дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистон, чаҳор нафар кушта ва ду нафар захмӣ шуданд.