Август 01, 2018 10:07 Asia/Dushanbe
  • Савганди вафодории панҷ ҷавони тоҷик ба гурӯҳи ДИИШ

Гурӯҳи террористии ДИИШ бо интишори як навори видеоӣ, савганди вафодории панҷ ҷавони тоҷик ба ин гурӯҳи такфириро ба намоиш гузошт, ки дар миёни онон эҳтимоли ҳузури афроди ҳамлагар ба гардишгарони хориҷӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, сайти таҳлилҳои истихборотӣ (“Site Intelligence Group”) бо интишори ин навори видеоӣ муддаӣ шудааст, ин афрод ҳамон касоне ҳастанд, ки ахиран гурӯҳе аз гардишгарони дучархасавори хориҷиро дар ноҳияи Данғара, аз тавобеи вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор додаанд.

Дар ин навори видеоӣ маросими адои савганди вафодории ин панҷ ҷавони тоҷик ба гурӯҳи ДИИШ сабт шудааст.

Қаблан низ сайти таҳлилҳои истихборотӣ бо интишори матлабе муддаӣ шуда буд, гурӯҳи террористии ДИИШ рӯзи душанбе дар баёнияе эълом кард, қатли чаҳор туристи хориҷӣ дар ҷануби Тоҷикистонро афроди ин гурӯҳ анҷом додаанд.

 Бо вуҷуди интишори ин хабар дар тамоми расонаҳои Тоҷикистон ва минтақа, чанд соат баъд Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар сомонаи худ матлаберо мунташир кард ва муддаӣ шуд, Ҳусайн Абдусамадов, саркардаи гурӯҳи муҳоҷим бо фарде ба номи Қорӣ Носир Убайдов, аз аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон байъат карда, ки қаблан дар Эрон омӯзиш дидааст.

Вазорати умури хориҷаи Эрон зимни маҳкум кардани ин иқдоми террористӣ, иддаои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро рад кардааст.

Ҳамчунин ин иддао аз сӯйи Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии Тоҷикистон такзиб шуд.

Бо ин ҳол гуфта мешавад, Ҳусайн Абдусамадов, ки аз вай ба унвони тарроҳи аслии ин ҳамла ёд мешавад, дар ин навор ба забони русӣ сӯҳбат мекунад ва ба эҳтимоли зиёд ин навор дар соҳили садди нерӯгоҳи обии “Норак” таҳия шудааст.

Дар пайи ҳамла ба ҳафт гардишгари хориҷӣ дар ноҳияи Данғара, чаҳор нафар аз онон кушта ва бақия захмӣ шудаанд.

Бар асоси гузориши Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон то ин лаҳза аз 9 муттаҳами ҳамла ба гардишгарони дучархасавори хориҷӣ дар ноҳияи Данғара, панҷ нафар кушта ва чаҳор тани дигар боздошт шудаанд.