Ташкили полиси гардишгарӣ дар Тоҷикистон пас аз ҳодисаи террористӣ
Пас аз ҳодисаи террористии рӯзи якшанбе дар Тоҷикистон, ки мунҷар ба кушта ва захмӣ шудани шаш гардишгари хориҷӣ шуд, полиси гардишгарӣ ба фармони раиси ҷумҳурии ин кишвар фаъолияти худро оғоз кард.
Ба гузориши Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, шӯъбаи полиси гардишгарӣ дар канори шуъбаи нерӯи интизомии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон эҷод шуд.
Масъулияти ин шуъба, ироаи иттилоот ва роҳнамоии гардишгарон, ба вижа гардишгарони хориҷӣ, ҳифзи амнияти онҳо ва ҷилавгирӣ аз бурузи ҳодисаҳои ногувор, аз ҷумла амалиёти ҷинояткорона бар алайҳи онон аст.
Ба гузориши манбаъ, аз ин пас дар сурати лузум, бо дархости гардишгарон кормандони ин шуъба роҳнамоии онҳоро дар дохили кишвар бар ӯҳда гирифта ва амнияти ин гардишгаронро таъмин мекунанд.
Кормандони шуъбаи полиси гардишгарӣ ба чанд забони хориҷӣ мусаллат ҳастанд ва дар ҳавзаи вазифаи худ огоҳ ва корозмуда ҳастанд.