Ҷилавгирӣ аз вуруди як духтари ҳиҷобдори тоҷик ба мадрасае дар Русия
Мудири яке аз мадориси давлатии шаҳри Тамбови Русия, аз вуруди як духтари донишомӯзи ҳиҷобдори тоҷики синфи ҳаштум ҷилавгирӣ кард.
Ба гузориши сайти шабакаи "Канали панҷум"-и шаҳри Тамбов, ин дуввумин мавриди мамониат аз вуруди донишомӯзони мусулмон ба мадориси давлатии ин шаҳр аст, ки бо вокунишҳои зиёде рӯбарӯ шудааст.
Бар асоси ин гузориш, Хуршед Сафолов, падари ин духтари тоҷик гуфт, хонаводаи онон ду соли қабл аз Тоҷикистон ба шаҳри Тамбови Русия омадаанд, аммо акнун бо мушкили идомаи ҳузури духтараш дар дарс, дар мадрасаи давлатӣ мувоҷеҳ шудааст.
Мудири ин мадраса ба баҳонаи илзомӣ будани либоси ягонаи мактабӣ барои донишомӯзон, аз вуруди ин духтари мусулмон бо рӯсарӣ ба ин маркази омӯзишӣ ҷилавгирӣ кардааст.
Абдураҳим Илёсов, имоми масҷиди ҷумъаи шаҳри Тамбов зимни маҳкум кардани ин иқдом гуфт, ҳозир шудани духтарони мусулмон бо рӯсарӣ дар дарс, нақзи қонуни омӯзиш ва парвариш нест, балки ҳукми шариати Ислом ин амрро барои пайравони хеш воҷиб медонад.
Бо ин ҳол, Хуршед Сафолов, падари ин духтари тоҷик гуфтааст, барои идомаи таҳсили духтараш муаллими хусусӣ мегирад ва чораи дигаре надорад.
Дар Русия аз моҳи феврали соли 2015 бар асоси ҳукми Додгоҳи олии ин кишвар, доштани ҳиҷоб барои духтарони мусулмони донишомӯз мамнуъ шудааст. Албатта дар ҷумҳуриҳои худмухтори Чеченистон, Тотористон ва Доғистон ва бархе аз манотиқи умдатан мусулмоннишин барои ин мавзӯъ истисно қоил шудаанд.