Пешниҳоди афзоиши қимати барқу оби гарм дар Тоҷикистон қатъӣ аст
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i37095-Пешниҳоди_афзоиши_қимати_барқу_оби_гарм_дар_Тоҷикистон_қатъӣ_аст
Раиси ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” гуфт, пешниҳоди афзоиши 15 дарсадии қимати барқу оби гарм дар ин кишвар қатъӣ аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 04, 2018 08:04 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди афзоиши қимати барқу оби гарм дар Тоҷикистон қатъӣ аст

Раиси ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” гуфт, пешниҳоди афзоиши 15 дарсадии қимати барқу оби гарм дар ин кишвар қатъӣ аст.

Ба гузориши хабаргузории “Тоҷик ТА”, Мирзо Исмоилзода дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе афзуд, акнун бояд давлати Тоҷикистон дар бораи тарҳи пешниҳодии ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” дар бораи зарурати афзоиши 15 дарсадии қимати барқу оби гарм тасмимгирӣ кунад.

Вай таъкид кардааст, замони оғози афзоиши қимати барқ барои бахши хонагӣ, марокизи тиҷорӣ ва корхонаҳои тавлидиву саноатиро Ҳукумати Тоҷикистон пас аз баррасии ин пешниҳодот эълом хоҳад кард.

Давлати Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2017 қимати ҳар киловатт соат барқи масрафӣ барои бахши хонагиро 15 дарсад афзоиш дода буд.

Аз ин рӯ, мардум барои ҳар киловатт соат барқи масрафӣ 16,6 дирам пардохт мекарданд, ки пеш аз он 14,6 дирам буд.

Дар сурати тасвиби тарҳи ҷадиди афзоиши 15 дарсадии қимати барқи сокинони Тоҷикистон барои ҳар киловатт соат барқи масрафӣ, мардум 19,3 дирам пардохт хоҳанд кард.

Аз соли 2017 ниҳодҳои идорӣ, хадамотӣ ва варзишгоҳҳо барои як киловатт барқи масрафӣ монанди шаҳрвандон 16,6 дирам пардохт мекарданд.

Аммо корхонаҳо ва марокизи тиҷорӣ барои як киловатт соат нерӯи барқ 40.99 дирам (муодили чаҳор сент) пардохт мекарданд.

Давлати Тоҷикистон дар соли 2010 бо Бонки Ҷаҳонӣ барои дарёфти воми молӣ созишнома имзо кард ва мутааҳҳид шуд зина ба зина, ҳамасола қимати барқро афзоиш диҳад то вақте, ки хадамоти интиқоли барқро ба сатҳи стандартҳои ҷаҳонӣ бирасонад.