Тоҷикистон дар ҳоли баррасии узвият дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё
Вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон аз баррасии узвияти ин кишвар дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё хабар дод.
Ба гузориши сомонаи Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода дар нишасти хабарии масъулони ин вазоратхона дар шаҳри Душанбе гуфтааст, машғули баррасии раванди узвият дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва омӯзиши таҷрибаи кишварҳои узви ин ниҳоди минтақаӣ ҳастанд.
Вай таъкид кардааст, Русия ва Қазоқистон - ду шарики асосии тиҷории Тоҷикистон, узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳастанд ва Тоҷикистон бо Беларус, Арманистон ва Қирғизистон, аз дигар аъзои ин созмон низ равобити наздики иқтисодӣ дорад.
Ба гуфтаи Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода, дар Вазорати рушд иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон коргурӯҳи вижае мавзӯи пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро баррасӣ мекунад ва бар асоси пешниҳоди коршиносон, тамоми паҳлӯҳои узвияти ин кишвар дар ин иттиҳод мушаххас ва ба ҳукумат ироа хоҳад шуд.
Ҳарчанд бештари коршиносони масоили Осиёи Марказӣ муътақид ҳастанд, пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё имтиёзоти зиёде ба коргарони муҳоҷири ин кишвар дар Русия эъто мекунад.
Ҳалли мушкили бекорӣ дар Тоҷикистон ғайримумкин аст ва теъдоди зиёде аз коргарони ин кишвар дар Русия ба иллати ҳузури ғайриқонуниашон ва нақзи қонунҳои кору муҳоҷират, бо мушкилоти ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ рӯбарӯ ҳастанд.
Аз ин рӯ, танҳо бо пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, шаҳрвандони ҷӯёи кори Тоҷикистон аз ҳуқуқи яксон бо атбои Русия бархурдор мешаванд.
Бо ин ҳол, бар хилофи ин ки мақомоти Тоҷикистон эълом карда буданд, дар ҳоли баррасии мавзӯи пайвастани кишваршон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳастанд, аммо то кунун ҳеҷ иқдоми амалӣ мушоҳида нашудааст.